вторник, 9 февраля 2016 г.

Понғоз
Агар ҳусну малоҳати нотакрори табиатро дидан хоҳед, ба сайри куҳҳои Қурама оед, аз табиати пурназокати Понғоз дидан карда, ба баландии Бобои Об – баландтарин қуллаи ин қаторкуҳҳо раҳсипор шавед. Ранги ин куҳҳо нуқрафому кабудчаранг аст, аз қуллаҳои ин куҳҳо то ба водиҳо куҳу куҳчаҳо , талу теппаҳо ва дараю дарачаҳо ҷой гирифтаанд. Масоҳати ин мавзеъҳо, ки аз арчазорону боғоти зардолузор, гелосу олучазор сафедору себзор иборатанд, дусад километрро ташкил медиҳад. Дар саросари ин каторкӯҳ гиёҳҳои худрӯи шифобахш ва гулу аз қабили настарану буттаи зирк, гули лолаву ҷамбил ва гули момову лолахасакҳо руидаанд. Ҳар ҷо майдонҳои гулҳои наврӯзӣ бо рангҳои гуногун назаррабоӣ мекунанд. Ва аҷаб зебост растаҳои алафҳои худрӯи омехта бо гули қоқу. Ва чи гуворост вақте ба машоматон бӯи гули райҳону ҷамбили кӯҳӣ бо омезиши ҳаври тафсони шахҳо мерасад. Аз баландии парвози уқоб ба поён назар меафканед ва аз тамошои манзараҳои биҳиштосо мафтун мегардед.
Дар хар куҷои ин қаторкӯҳ ғорҳои калону хурд дучор меоянд, ки дар берунашон партовҳои сангу шахҳо доранд. Пажуҳишҳои илмӣ, таҳлилҳои маъданиву кимиёвӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар гузашта ин ҷо нуқра истеҳсол мекардаанд. Нуқра дар табиат нисбати тилло панҷ баробар кам буда, ба сиришти инсон нисбати дигар фузулот бештар мутобиқат дорад ва махз мавҷудияти нуқра дар ҷинсҳои кӯҳӣ ба қаторкӯҳи Қурама ранги кабудчаранги нуқрафом бахшидааст. Ва барфи сап – сафеди қаймоқмонанд, ки дар зери арчаҳои сисилакӯҳ гоҳо то моҳи июл боқӣ мемонад, бӯӣ хӯши гулҳоро ба худ ҷаббида, об мешавад ва аз баландиҳо сарозер шуда, ба ҷӯйчаву шаршараҳо табдил ёфта, ба сӯи Понғоз мешитобад ва ин об аҷаб тамъи хуше дорад. Беҳуда нест, ки хар понгози дар мусофиратҳо нахуст ёд аз оби дарёчаи деҳа мекунад.Хар понгози мазори Бобои Обро зиёрат кардааст ва ё нияти он ҷойҳоро дидану зиёрат кардан дорад. Ва ҳар кас, ки он макони табаррукро зиёрат кардааст, медонад, ки баробари ба он баландиҳо баромадан, бори рузғор аз души одам якбора сабук мегардад, эҳсос мекунад, ки ӯ як ҷузъи ин обу хок аст, ба гузаштаву оянда бо чашми нек менигарад ва зистан мехоҳад.
Фаридун Назмиддинов

Комментариев нет:

Отправить комментарий