вторник, 9 февраля 2016 г.

Бо ёди падар ( Ҳикоя )

Бежан аз дур овози автобусро шунида, саросема чахида ба болои бом баромад. Автобус дар истгох карор гирифта, аз он мусофирон якто- якто фуромадан гирифтанд. Аввал мусафеде бо ёрии чавоне фуромад, баъд чанд зану бачагоне аз дараш поин омаданд. Автобус дархояшро пушиду хомушиии дехаро халалдор карда аз назар пинхон шуд. Мусофирон ба чахор тараф пароканда шуда рафтанд. Ин дафъа хам падари Бежан наомад. Вай беш аз як як солест, ки дар Русия кор мекард Чанд мохест, ки Бежан рахи уро мепояд ва хар боре, ки автобус ё мошине дар куча карор гирад, бо умеди он, ки омадани падарашро бубинад, давида ба болои бомашон мебарояд, аз болои бом истгоху куча чун кафи даст намоён аст. Бежан хар шаб бо ёди падар ба хоб меравад ва ба худ меандешад, ки сахт хоб кардан лозим нест, баногох дери шаб падараш ояд, у бехабар мемонад. Бедор мешаваду дархол аз чой бархоста хонахову хавлиро аз назар мегузаронад- падарро мечуяд. Падарашро пазмон аст Бежан.. Вай охи сарде кашиду хаёлолуд ба кучагузархо назорае кард. Ин замон бачагон аз мактаб бармегаштанд.Онхо гурух- гурух сухбаткунону хандакунон ва бархе бахсу талошкунон ба хонахояшон равон буданд. Бежан миёни талабахо Матини хамсояро мечуст. Матин, ки аз Бежан як сол калон буд, имсол ба мактаб рафт. Ва танхо монд Бежан, рафики ба дил наздикаш ба мактаб мерафту то бозгашташ у азият мекашид. Чашми Бежан ба Матин афтод, ки аз дур танхо, хаёлолуд ва охиста меомад. У Бежанро дида кадамашро тезтар кард ва ба симои мукаррарияш, ки дар назари Бежан гуиё калонсолу донотар буд, баргашт. - Ман имруз ба дидани падарам меравам,- гуфт Матин ба назди Бежан расида. - Ба Россия?!- хайрон шуд Бежан. - Инашро дертар мефахми,- мисли харвакта бовикор чавоб дод Матин аз дарвозаашон даромада истода.- Агар хохи ман туро хамрох мебарам, факат ту ба хеч кас нагуй, хатто ба модарат. Бежан моту махбут монд. Намефахмид, ки Матин чи гуна ба дидани падараш мерафта бошад. Падари Бежан ва Матин якчоя ба Русия сафар карда буданду вакти бозгашташон наздик буд. Падари Матин мехост аллакай як мох пеш баргашта, дар маросими ба мактаб гусел кардани нахустфарзандаш иштирок кунад, вале аз он лихоз, ки маблаги кофи надошт, натавонист бозгашт кунад. Бежан ба хона даромада охиста як нонеро ба румоле баста бароварда ба пушти дарвоза пинхон кард. Баъд аз чанд лахза Матин ба куча баромада дид, ки Бежан бо дастовезе интизораш аст. - Ин чист? - Нон. - Дуруст, ман хам гирифтам.- гуфт Матин, - Ба хеч кас нагуфти? - Не, хеч кас намедонад. - Нагз, акнун гуш кун, ана он кухро мебини- Тануркух ном дорад. Ин кухи сехрнок аст, агар ба куллаи он барои, тамоми дунё намудор мешавад. Агар хохи ба куллаи баландтаринаш баромада, падаронамонро мебинем.Бежан ба суханони Матин дархол бовар кард, зеро то ин дам дар хама бахсхо Матин голиб мебаромад, тахминхои у хамеша рост мебаромаданд ва умуман Матин барои Бежан пешво, доно, пуркувват ва хангоми бахсу талошхо пушту паноху куввати дил ва рафики маъкулу макбул буд. Аммо худи Матин ба суханонаш чандон бовар надошт. Аслан уро ду хамсинфонаш, ки падарони онхо низ дар Русия буданд, фиреб дода буданд. Онхо байни худ ин киссаро бофта, барои Матинро ранч додан ба у хикоят каданд, ки гуиё Тануркух сехрнок асту аз куллаи он тамоми дунё намудор мешавад ва гуиё онхо ба он чо баромада падаронашонро дида бошанд. Дили Матинро гургон тала мекарданд – яке гапашон рост бошад, у дар армон мемонад. Бо чунин андешахо амр кард, ки суханони хамсинфонашро санчида бинад. Барои амали кардани ин максад Бежан хамрахи мувофик аст. Вучуди Бежанро эхсоси гуворое фаро гирифт, дар дили гамгину ноумедаш шарораи умеде шуълавар гардид. Ба таклифи Матин дархол рози шуд, барои дидорбини бо падар Бежан тайёр буд то охири дунё пиёда биравад. Баъди ин машварат онхо ба тарафи Тануркух равон шуданд. Шитобон мерафтанд, хомуш мерафтанд, андешамандона мерафтанд, хар яке гутавар ба фикри хеш буданд. Бежан бовар дошт, ки имруз хатман ба куллаи Тануркух мебарояд ва ба дидори падараш мушарраф мешавад. - Агар ман фарёд занам, падарам мешунавад? - пурсид Бежан аз Матин. - Не,- гуфт Матин,- Масофа хеле дур аст, дидан мумкин, аммо садо намеравад.. Бежан ба хаминаш хам рози буд, падарашро акалан аз дур мебинад ва мушохида мекунад, ки у бо чи кор машгул аст, чи гуна мехнат мекунад. Сахт пазмон буд Бежан падарашро. Бачахо боз хомуш кадам зада, дар муддати на чандон дарозе ба доманаи Тануркух расиданд, онхо тез рох мегаштанд- кариб, ки медавиданд. Бачахо аз поён ба куллаи Тануркух як назар андохтанд. Ба назарашон кулла начандон дур менмуд, гуиё дар наздикихо ва гуиё чанд кадам дур аз онхо буд. - Мо бояд тезтар ба он чо баромада, падаронамонро дида то нишасти офтоб фуроем. Тез рох гаштан даркор, то дер намонем, - таъкид кард Матин. Онхо чолокона кадам ба кадам то нисфи кух баромада монда шуданд ва барои дамгири нишастанд. Акнун аз баланди хамаи хонахои деха намудор буд, дар куча ахён-ахён касе пайдо мешуд. Ин замон боз автобусе аз шахр омада бозистод. Бачахо бо диккат назора карданд, вале ин дафъа хам дар байни мусофирони автобус падарашонро надиданд. Ва бархоста боз ба болою боло баромадан гирифтанд. Аммо гашташон андак кохиш ёфта буд - монда мешуданд. Боз хар ду хомуш мерафтанду хар яке бо андешае банд буданд. Матин аз он меандешид, ки агар гапаш рост набарояд ва падарон аз дур намудор нашаванд, чи кор мекунад. Аввал дар назди Бежан ва баъд дар назди дигарон шарманда хохад шуд. Дар пеши чашмони Бежан бошад, симои падар ва хазлу шухихои у падид меомад. Рузхои бо падараш гузаронидаашро ба ёд меовард. Ин дам аз чи бошад, ки як ходисае , ки ду – се сол пеш рухдода буд, ба едаш омад. Падараш бо Бежан ба сайр баромад. Хар ду даст ба дасти хамдигар хазлу шухикунон мерафтанд. Ин замон мошинаи сабукраве бо сурати тез омада, кариб буд, ки Бежан дар тахи чархаш мемонд. Аммо падар бо чолокие худор ба болои Бежан партофта, зарбаи мошинро ба худ кабул кард. Мошин ба пушти падар бархурда хардуро ба канор партофт. Вакти афтидан падараш Бежанро сахт дар огуш дошта, намонд, ки ба замин бархурад. Бежан хуб дар хотир дорад, ки чанд чои падараш мачрух шуду ба беморхона афтода буд. .Бежан аз рузе, ки худро мешиносад, падараш ба Русия рафта меояд. Хар сафари падар барои Бежан хеле дарднок ва ранчбор буд. Модараш хикоят мекард, ки вакти кудаки боре Бежан падарашро баъди сафари Русия нашинохтааст, у ба хонаи дарун пинхон шуда аст, гумон кардааст, ки ба хонаашон шахси ношиносе омадааст. Бачахо хеле боло баромаданд. Насими фораме вазида буи гулу гулбутахоро ба машом мезад. Онхо андаке дам гирифтанду боз ба боло рахсипор шуданд. Акнун то куллаи кух масофаи дуре намонда буд, вале офтоби шафак ранги лолагун ба бар карда, ба фуру рафтан дар паси кух омодаги медид. Бачахо мерафтанду мерафтанд, акнун вакти онхо танг буд. Хатто барои хурдани ноне, ки хамрох гирифта буданд, вакт надоштанд. Онхо нонро пора карда як порчаги кадамзанон хурда ба боло харакат мекарданд. Монда шуданд бачахо, мачоли Бежан хушк шуд, аммо дар ин бора ба Матин нагуфт, куввахои охиринашро чамъ карда кадам ба кадам Матинро дунболгири мекард. Бежан ба дидори падар мерафт. Акнун офтоб дар паси кух панах шуда, торикча фуромад. Модари Бежан ба хонаи Матин рафта уро фарёд зад. Аммо модари Матин гумон карда буд, ки бачахо дар хонаи Бежананд. Модарон ба хайрат афтода ба чустучуи фарзандон афтоданд. Бачахо бошанд, ба кулла наздик шуданд. Дилашонро эхсоси гуворое фаро гирифта буд, онхо наздики ба падаронашонро хис мекарданд. Ногахон санге аз тахи пои Бежан канда шуду, у ду- се гел зада ба поёнтар афтод. Дарди чонкохе вучудашро фаро гирифт. Аз пешонааш хун шорида ба чашму рухсораш фуромад. Пои чапаш аз дард карахт шуд, аз оринчаш хам хун рафт. Пеши чашмашро сиехие пахш кард ва ин дам чехраи падарашро дид, ки мисли пештара бо табассум ба у нигох мекард. - Хайрият, ки омади!- ба гуши Бежан меомад овози падар, - Ман туро сахт пазмон будам. Падар ду дасташро ба дароз карда мехост уро ба огуш бигирад, аммо дасташ намерасид. Бежан хам ду дастонашро дароз карда мехост ба огуши падар биравад, наметавонист. Ин дам Бежан дастеро хис кард, ки аз дасти у дошта уро ба худ мекашид. Ин дастони Матин буд, ки уро аз чой бардоштан мехост. Бежан каме ба худ омада хост аз чояш бихезад, натавонист аъзои баданаш дард мекард. - Бихез, то куллаи кух чанд кадам мондааст, расидем!- гуфт Матин. Бежан бо тамоми хастияш харакат карда аз чой бархост, вале ба баланди баромадан натавонист, пояш сахт дард мекард. - Ман дигар боло баромада наметавонам . Худат бирав, падари манро хам бубин, бубин, ки у чи хол дорад. Матин пои хуншори Бежанро бо румоле, ки нон оварда буданд, баст. Баъд бо чолокие чанд кадам зада ба кулаи кух баромад ва бо диккат ба дурихои дур назар андохт. Дунё барои харду чанд лахза хомуш шуд, хар ду задани дилашонро шуниданд. Бежан, дар холе, ки баданаш аз дарди чонкох меларзид бо чашми умед ба Матин нигох мекард. Аммо Матин дар дурихои дур гайри куххову даштхои холи дигар чизе надид. Дилаш тах кашид,алам гулугираш кард, мехост бо тамоми хасти дод зада гиря кунад, аммо худдори кард. - Мебини ? - Не, хаво торик аст, хеч касе намудор нест, мо дер кардем.- дуруг гуфт Матин ва бо сари хам ба назди Бежан баргашт. Дар деха аз бедаракии Матину Бежан хама огох шуданд. Хурду калон тамоми дехаро тагу ру карда аз бачахо ному нишоне наёфтанд. Ин замон Эргаш- чупон аз кух баргашта хабар дод, ки ду бачаеро дар болои Тануркух дидааст. Дархол чанд нафаре аз калонсолон ба он чо равон шуда, ба кух баромада, бачагонро ба поин фуроварданд. Бежанро ба беморхона фиристоданд. Пои у шикаста чанд чои баданаш чарохат бардошта буд. Пас аз чанд рузи муолича Бежан ба хона баргашт. Матинро хамсинфонаш чанд руз барои зудбоварияш масхара карданд. Бежан акнун кам- кам бо асобагал рох гаштанро ёд гирифт. Ин бегох боз ба гуши Бежан садои гурриши автобус расид, ки аз дурихои дур меомад. Бежан ба асобагалаш такя карда бо азобе то дами дарвоза омад ва ба одамоне, ки аз автобус мефуромаданд, аз дур назора кард. Аз автобус одамони бисере фуромаданд. Падари Каюмарси хамсоя хам, ки дер боз дар Русия буд, аз дари автобус намудор шуд ва якбора нидои хурсандии аъзои оилааш ва хамдехагон баланд шуд.Автобус дархояшро пушида, баъди лахзае аз назар гоиб шуд. Ин дафъа хам Бежан байни мусофирон падарашро надид ва ба руи санг нишаста ба чараени оби чуйбор дуру дароз нигох духт. Сипас охе кашиду лангон- лангон асозанон ба чойгахаш расида то омадани автобуси навбати ба бистари бемори дароз кашид

Комментариев нет:

Отправить комментарий